Ба муштариёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи ширкат тақдим гардид

Бахшида ба Рӯзи модарон ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” муштариёни фаъол ва занҳои муътабар – Мӯминова Тозагул, Ҳасанова Махфират, Мӯминова Мадина, Орипова Мусабеҳ, Ҳакимова Муҳаббатро табрик кард. Барои онҳо аз ҷониби ширкат тӯҳфаҳои хотиравӣ ва 20 литр сӯзишвории гази моеъ чун тӯҳфа пешниҳод гардид. Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” тамоми занҳоро бо фаро расидани Рӯзи модарон табрик мекунад ва таманно дорад, ки занҳо сарбаланду комгор бошанд. Идатон муборак модарони азиз!