Густариши ҳамкориҳо

Санаи 8-уми апрел дар бинои маъмурии ширкати “Роҳи Сомон Нафт” намоядагони ширкати “RISE GROUP” – савдогари байналмилалии сӯзишвории дизелӣ ва бензин, истеҳсолкунандаи масолеҳи бастаи битуми шаҳри Уфа-и вилояти Бошқирдистони Федератсияи Русия, директори тиҷоратӣ – Андреев Михаил Григорьевич ва ҳамоҳангсози фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар самт – Алексей Соколов ташриф оварданд. Меҳмононро директори молиявии ширкати “Роҳи Сомон Нафт” Носиров Исмоилҷон ва ҳуқуқшиноси ширкати мазкур Раҳмонов Темурмалик ба ҳузур пазируфтанд. Бояд қайд кард, ки ширкати “Роҳи Сомон” бо “RISE GROUP” ҳамкории зич дошт ва пас аз ин вохӯри ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли сӯзишвориҳо густариш меёвад.