ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” тарғибгари варзиш мебошад

Варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки тарғибгари тарзи ҳаёти солим, устуворкунандаи риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муаррифгари кишвар дар арсаи байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Варзишгарони имконияташон маҳдуд низ дар мусобиқаҳои гуногун ширкат варзида, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, мақсади аслиаш рушди варзиш байни варзишгарони маъюб дар Тоҷикистон ва таъмини дастрасии оммавӣ ва маъруфияти варзиш байни одамони имконияташон маҳдуд мебошад. Бори аввал  дар толори варзишии Ҷашнии шаҳри Хуҷанд бо иштироки онҳо чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ баргузор гардид, ки дар он 6 даста, 98 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, Душанбе ва Рашт,  ҳам мардон ва ҳам занон ширкат варзиданд.

Чемпионати мазкур бо иштироки варзишгарони  имконияташон маҳдуд ва нобино бо иқдоми Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳуқумати ҶТ, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, Федератсияи варзишгарони маъюби ҶТ ва бо сарпарастии ҶДММ “Роҳи Сомон нафт” ташкил ва гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки сарпарасти кулли чемпионат Ҷамъияти дорои масъулияташ  маҳдуди «Роҳи Сомон Нафт» аз соли 2014 инҷониб фаъолият бурда, мунтазам варзишгаронро дар мусобиқаҳои дохиливу хориҷи кишвар дастгирӣ мекунад.

Чемпионат хеле хубу хотирмон баргузор шуда, дар баробари мардон бонувон низ қувваи дастони худро санҷиданд. Дар натиҷа варзишгарони дастаи вилояти Суғд ҷои аввалро касб намуда, ҷойҳои дувум насиби вилояти Хатлон ва ҷои сеюм насиби ВМКБ гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни варзишгарон ва муайян намудани дастаи мунтахаб доир гардида, дар охир ғолибони мусобиқа бо медал ва диплом қадрдонӣ шуданд. Ба гуфти масъулин  моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ифтихори 30 солагии истиқлолияти давлатии ҶТ дар вилояти Суғд чемпионати Осиё оид ба дастхобони байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ва нобино баргузор мегардад, ки дар он аз 14 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.