Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри оид ба футбол ҷамбаст гардид.
Мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 2007-2008 ба ифтихори Рӯзи Президент доир гардида, он давоми 10 рӯз дар майдони футболи мактаби варзишии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 160 нафар футболбозони наврас дар ҳайати 8 даста байниҳам сабқат намуданд.
Дар натиҷа сазовори ҷои якум дастаи “ММВСЧА”, сазовори ҷои дуюм дастаи “Хуҷанд 2” ва сазовори ҷои сеюм дастаи “Хуҷанд 1” мушарраф гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва собиқадорони соҳа иштирок ва суханрони намуданд.
Иброз шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ дастаҳое, ки ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.