Ҳамкории муттақобилан судманд


1-уми июл дар бинои маъмурии ширкати “Роҳи Сомон Нафт” намоядагони ширкати ҶДММ «ВЕРАТЕК», интиқолдиҳандаи яклухти маҳсулоти нафтӣ истеҳсолкардаи ҶСК «Лукойл», ҶСК «Башнефть», ҶСК НК «Роснефть», ҶСК «ТАИФ-НК» шаҳри Уфа-и вилояти Бошқирдистони Федератсияи Русия, ҳамоҳангсозони фурӯши маҳсулоти нафтӣ – Рамазан Якубович ва Илфир Хайдарович ташриф оварданд. Меҳмононро директори молиявии ЧДММ “Роҳи Сомон Нафт” Носиров Исмоилҷон ба ҳузур пазируфт. Бояд қайд кард, ки ширкати “Роҳи Сомон Нафт” бо ” ВЕРАТЕК ” ҳамкории зич дошт ва пас аз ин вохӯри ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли сӯзишвориҳо густариш меёбад.