1 сентябр – рӯзи дониш муборак!

1 сентябр ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвар чун “Рӯзи дониш” таҷлил мешавад. Дар ин рӯз тамоми мактабҳо барои қабули хонандагони синфи якум омодагӣ мебинанд ва барои оғози таҳсил чорабиниҳо доир менамоянд. Рамзан ин сана бо дониш ва илм алоқамандӣ дорад. Зеро пас аз таҳсил бо нерӯи нав муаллимону хонандагон ба мактаб мешитобанд. “Роҳи Сомон Нафт” кулли муаллимон, хонандагон ва кормандони соҳаи маорифро бо фаро расидани “Рӯзи дониш” самимона табрик менамояд ва итминон дорад, ки ин хонандагон бо ин сиёсати таълиму тадрис ояндаи дурахшони миллату давлатанд. Идатон муборак бошад!