Тренингҳои кӯтоҳ барои инкишофи дониши кормандони НФС дар “Роҳи Сомон Нафт”

Санаи 27 ва 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар идораи марказии “Роҳи Сомон Нафт” дарси омӯзишии ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулъода аз тарафи Сангинов Икром Сангинович – духтури дараҷаи олӣ ва ҳамчунин омӯзиши техникаи бехатарӣ дар ҷои кор аз ҷониби Ахмедов Наимҷон гузаронида шуд. Маъмулан кормандони ширкат ҳамарӯза аз ҷониби шахсони масъули нуқтаҳои фурӯш дастурҳои аввалиндараҷа дар ҷои корро мегузаранд. Ҳамеша техникаи бехатарӣ аз тарафи кормандони ширкат риоя карда мешавад. Гуфтан ба маврид аст, ки чунин дарсҳо ҳафтае як маротиба дар мавзуъҳои “Стандарти хизматрасонӣ”, “Муҳосибот ва хазинадорӣ”, “Техникаи бехатарӣ” ва ғайра ба кормандон газуронида мешаванд.