Сокинони вилоят, мизоҷону хоҳишмандон минбаъд имкон доранд дар тамоми нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” сузишвории нафтӣ ва газӣ харидорӣ намуда,бо кортҳои ширкат соҳиби маблағҳои муайяни мукофотӣ шаванд.
Дар марҳилаи аввал ба соҳибони корти “Роҳи Сомон” мувофиқи дараҷаи имтиёзии “Барака” ба андозаи 1% ҳангоми харидории бензину салярка ва 2% сузишвории газӣ аз маблағи умумии сузишвории харидоришуда маблағ баргардонда шуда, он дар корти мизоҷ нигоҳ дошта мешавад.
Ҳангоми харидории молу маҳсулот аз мағозаҳои НФС “Роҳи Сомон” бошад маблағи ба мизоҷ баргашта 2% -ро ташкил хоҳад дод.Ҳамин тарз фоизҳои аз ҳар маротибаи сузишворӣ ё маҳсулоти аз мағозаҳои нуқтаҳои фуруши сузишворӣ харидорӣ шуда дар корти мизоҷон ҷамъ карда мешаванд.
Кортҳои имтиёзнокро аз тамоми НФС-ҳои “Роҳи Сомон” харидорӣ намудан мумкин аст.
Мизоҷонро лозим аст,ки баъди харидории корти мазкур ба рақами вайберии +992 92 772 44 14 ва viber.rsn.tj ному насаб ва рӯзу моҳи таваллуд, рақами телефони мобилӣ, рақами давлатии нақлиёт,ҳамчунин чаҳор рақами охирони тартибии корти харидоришударо ирсол намоянд.
Лозим ба ёдоварист,ки нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” дар маҳаллаҳои 7-ум ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, мавзеи “Ёва-Арал”и Ҷамоати Ёва, паҳлуи коргоҳи “Артели 1 май” Ҷамоати Ҳ. Усмонов,мавзеи Қотмаи Ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Гафуров ва Ҷамоати ба номи Т.Улҷабоеви ноҳияи Спитамен, шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ҷойгир аст.
Корти “Роҳи Сомон” осон, фаврӣ ва манфиатовар аст!
“Роҳи Сомон”-хизматрасонии арзанда мақсади мост!