Тӯҳфаи идонаи “Роҳи Сомон” ба бонувон!

Аксияи навбатии Ширкати “Роҳи Сомон Нафт”, ки ба Рӯзи модарон бахшида шуд ҷамбаст гардид. Мувофиқи низомнома ба бонувони ронанда,ки аз санаи 1 март то санаи 7 март аз ҳама бештар аз нуқтаҳои фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” сузишвории газӣ харидорӣ менамоянд, 50 литр ин намуди сузишворӣ чун туҳфаи идона элон гардида буд.
Дар натиҷа мизоҷи доимии мо Заррина Пулотова давоми мӯҳлати аксияи мазкур аз ҳама бештар сузишворӣ харидорӣ намуда соҳиби мукфоти 50 литр сузишвории газӣ гардиданд.

Заррина Пулотова давоми бештар аз 20 сол мешавад,ки чун табиб ба мардум хизмат расонда ҳоло дар дармонгоҳи № 5 шаҳри Хуҷанд чун табиби оилавӣ фаъолят дорад.
“Ман бештар аз 2 сол мешавад, ки аз нуқтаи фуруши сузишвории “Роҳи Сомон” ,ки дар маҳаллаи 12 аст, ба нақлиёти худ сузишворӣ харидорӣ менамоям. Ба хотири он, ки муносибати кормандон, сифати сузишворӣ ва сифати хизматрасонӣ аст, ман ҳамеша аз хизматрасонии ин нуқтаи сузишворӣ истифода мебарам.”,-броз дошт Заррина Пултова.
Лозим ба ёдоварист,ки нуқтаҳои таъмини сӯзишвории нақлиётии «Роҳи Сомон» дар маҳаллаҳои 7 ва 12-уми шаҳри Хуҷанд, дар мавзеи «Қотма», ҷамоати Ҳ.Усмонов, Ғозиён ва «Ёва –Арал»-и ноҳияи Б.Ғафуров,ҳамчунин дар ҷамоати Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен,шоҳроҳи Хуҷанд -Душанбе ҷойгир аст.
“Роҳи Сомон” хизматрасонии арзанда ба Шумо мақсади мост