Моҳи шарифи рамазон, ки моҳи кушоиши дарҳои раҳмату мағфират, файзу баракат, хайру саховат аст сипарӣ гардиду бо инояти Худованд ба Иди Фитр расидем.
Иди саиди Фитр яке аз арзишҳои муҳимтарини маънавии мардуми мусулмони мо ва нишонаи эҳтирому гиромидошти ойини деринаи халқамон бар пояи мазҳаби ҳанафия ба шумор меравад.
Зеро ҷавҳари фарҳанги миллии мо таълимоти дини мубини Ислом аз дӯстиву муҳаббат ва ваҳдату таҳаммулгароӣ иборат аст. Маҳз ҳамин арзишҳо ниҳоди одамиро такмил дода, ба камолоти инсонӣ мерасонад.
Фарорасии ин иди саидро Ширкати «Роҳи Сомон Нафт» ба ҳамаи Шумо, дӯстони азиз табрик мегӯяд. Рӯзаю ибодат, хайру саховат, некию накӯкорӣ ва тамоми амалҳои хайре, ки дари ин моҳи муборак анҷом додаед Худованд мақбули даргоҳаш намуда, бар ивазаш тамоми некиҳои дунёро насиб гардонад.
Иди саиди Фитр муборак, дӯстони азиз!