Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ҳамаи Шумо дӯстон ва ҳамдиёрони азизи худро бо Иди Қурбон бо эҳтиром ва самимияти афзун муборакбод мегӯяд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд хайрхоҳу дастгирӣ бенавоёну бечорагон будан беҳтарин фазилати инсони комил буда ҳамин фазилат ифодагари асли моҳияти Иди Қурбон мебошад. Шукр мегӯем, ки ба шарофати сиёсати дурандешона ва созандаи сарвари кишвар мо дар фазои орому осоиш кору зиндагӣ мекунем, дар рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоламон ҳиссаи арзанда мегузорем, ки ин нишони садоқати мо ба Ватан, халқи меҳнатқарину бунёдкор аст.
Ҳамдиёрони азиз, дар ин Рӯзи сайид Ширкати “Роҳи Сомон Нафт” ба ҳамаи Шумо бахту иқболи баланд, зиндагии босаодат, тансиҳативу хонаободӣ, хушбахтиву некрӯзӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва барору комёбиҳо дар кору зиндагӣ таманно дорад! Идатон муборак!