ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ “РОҲИ СОМОН” ФАЪОЛИЯТАШРО НАТИҶАГИРӢ КАРД

Ҷаласаи ҳисоботи интихоботии ташкилоти ибтидоии “Роҳи Сомон” бо иштироки мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид. Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Темурмалик Раҳмонов оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шуниданд. Мавсуф дар баромадаш зикр намуд, ки бо вуҷуди он, ки ташкилоти мазкур ҳанӯз навтаъсис аст, фаъолияти ҳизбии худро хуб ба роҳ монда, дар ин давра 6 нафарро ба аъзогии ҳизб қабул намуд. Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба ҷаласаи ташкилот баргузор гардида, ҳар ҳафта бо иштироки аъзои фаъол хонишҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Сипас аҳли иштирокдорон аъзоёни Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб карданд. Бо аксарияти овозҳо раиси ташкилоти ибтидоии “Роҳи Сомон” аъзои фаъол Алиҷон Муҳитдинов интихоб гардид.
Дар идомаи кори ҷалса рафти қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбии -“Минбари халқ” ва “Сухани халқ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъияти ҷавонон “Созандагони Ватан”, мудири шӯъбаи ҷавонон кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев аз иқдомҳои шоистаи ташкилоти ибтидоӣ дар иҷрои амалҳои хайру савоб сухан карда, барои тақвияти фаъолияти кори ҳизб дастур дод.
Дар интиҳои кори ҷаласа ба якчанд нафар аъзои фаъол дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаи кумиҷроияи шаҳрӣ супорида шуд.