Аз 19 то 27 август дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи осиёии дастхобонӣ байни варзишгарони дорои имконияти маҳдуд доир гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарон аз вилояти Суғд Қаҳрамон Мусобоев, Илҳомҷон Турсунов ва Наимҷон Ҳабибуллоев иштирок карданд. Дар вазни то 60 кг Илҳомҷон Турсунов ҷои аввалро гирифта, соҳиби медали тилло шуд. Дар байни шахсони нобино Наимҷон Ҳабибуллоев бо ду даст баромад карда, ду медали нуқраро соҳиб шуд. Қаҳрамон Мусобоев бошад бо дасти чап бурд карда соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Бояд қайд кард, ки аз 2005 варзишгарон дар чунин мусобиқаҳо ширкат мекунанд ва дастовардҳои зиёдро соҳиб шудаанд. Бояд қайд кард, роҳбарии ин гурӯҳро варзишгар Қаҳрамон Мусобоев бар ӯҳда дошт. Гуфтан ҷоиз аст, тӯли ду сол варзишгарони дорои имконияти маҳдудро ширкати “Роҳи Сомон” сарпарастӣ мекунад.
“Роҳи Сомон” – Баҳри ободии Ватан!