Идатон муборак, ворисони Сино!

Беҳтарин неъмат барои инсон саломатӣ мебошад. Маҳз барои ҳамин ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тиб, пурсамар гардидани фаъолияти табибон ва дар ин замина ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ғамхориҳои пайваста зоҳир менамоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки илми тиб дар тамоми даврони рушди таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, мавҷудияти осори фаровони марбут ба усулҳои суннатии табобат, дорусозӣ, гиёҳдармонӣ ба ин манзалати таърихии тибби ниёгони шарафмандамон далолат мекунад.
Боиси ифтихор аст, ки ширкати “Роҳи Сомон Нафт” давоми чанд соли охир бо чанде аз муассисаҳои тиббии вилояти Суғд аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази солимгардони ва барқарорсозии саломатии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, Муассисаи давлатии “Стансияи ёрии таъҷилии ноҳияи Б.Ғафуров ва Муассисаи Мошинсаройи воситаҳои нақлиёти махсуси тиббии вилояти Суғд ҳамкорӣ дошта, барои фаъолияти самараноки табибони ҳозиқ, сари вақт ҳозир шудани нақлиётҳои онҳо саҳми худро мегузорад.
Бо самимият тамоми кормандони соҳаи тибро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният намуда, барояшон бахту саодат ва файзи рӯзгор таманно дорем.
Идатон муборак, ворисони Сино!
Бо эҳтиром ширкати “Роҳи Сомон Нафт”