Иди Артиши миллӣ муборак!

Меҳнату заҳмат, садоқату мардонагии афсарону аскарон аст, ки мо ба роҳат хоб меравем. Шуҷоати онҳост, ки мо зиндагии ороми рӯзмарра дорем. Бо хизмати содиқонаи онҳо мо кишварро ободу хуррам ва орому осуда мебинем. ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт” кулли аскарону афсарони кишварро бо фаро расидани 29 солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният намуда, баҳрашон рӯзгори ободу тавонмандӣ таманно дорад. На танҳо санаи рамзии 23 феврал Шумо лоиқи қадру ситоишед! Балки ҳар лаҳза мардуми фарҳангии кишвар баҳратон пирӯзиҳои давомнокро таманно доранд. Иди касбиятон муборак бошад, муборизони Ватан!