Дар роҳи хайр талош намоед!

Тибқи санади тартибдодашуда дар қуттии хайриявии “Ормон” , ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Роҳи Сомон Нафт” дар маҳаллаи 12-ум боз гардид, дар маҷмӯъ 311 сомонӣ маблағ ҷамъ омадаст. Маблағи хайриётшуда барои пардохти хароҷоти ҷароҳии кӯдаки бемор Набизода Нозия равона гашт.
Шумо, ки сузишворӣ мехаридед ва хайр ҳам менамудед, барои табобати беморе саҳм гузоштед. Амали хайратон кам мабод. Ҳар кори хайри кардаатон боз ба шумо ва наздиконатон бармегардад.