Фоизҳо ба дирам гаронида шуданд!

Акнун мизоҷони ширкати “Роҳи Сомон” минбаъдан аз ҳар як литри сӯзишворӣ то 20 дирам бонус ба даст оварда метавонанд. Ҳангоми харидорӣ намудани корти ҷамъшаванда ба Шумо тарофаи “Баракат” пешниҳод мегардад ва аз рӯйи ин тарофа Шумо метавонед аз сӯзишвории гази моеъ 10 дирам бонус ба даст оред. Минбаъд агар хариди Шумо дар давоми моҳ аз 100 то 199 литр зиёд гардад, моҳи оянда аллакай 15 дирам ба даст оварда метавонед. Ҳамчунин, агар хариди Шумо аз 200 литр дар як моҳ зиёд гардад – 20 дирам бонус аз ҳар як литр ҷамъ намудан имконпазир мебошад.

Аз сӯзишвории бензину дизел бошад низ ҳангоми харидорӣ намудани корт 10 дирам аз ҳар як литр ҷудо мегардад. Дар давоми моҳ агар аз 60 то 119 литр сӯзишвории бензин ва ё сӯзишвории дизелӣ харидорӣ намоед – 15 дирам бонус тақдим мегардад. Ҳангоми харидории 120 литр зиёд дар моҳи гузашта – 20 дирамро ба даст оварда метавонед.

Аммо аз мағозаҳо бошад 2-3 ва 5 фоизҳо боқӣ мемонад. Тарофаҳои мағоза аз хариди сӯзишвории Шумо вобаста аст. Агар аз сӯзишвории газ, ё ин ки бензину дизел тарофаатон иваз гардад, фоизи мағоза ҳам ҳамин тариқ:
“Баракат” – 2%, Афзун – 3% ва Заррин – 5% иваз карда мешавад.
“Роҳи Сомон” – Хизматрасонии арзанда ба Шумо мақсади мост!