Имконияти нав аз “Роҳи Сомон”!

Акнун мизоҷони ширкати “Роҳи Сомон” метавонанд ба маркази тамос 7711 аз соати 8:00 то 17:00 занг зада, дархостҳои худро оид ба хизматрасонии ширкат пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, барои осону саривақт огоҳ шудан аз тарофаҳои корт ва маблағҳои имтёзӣ мизоҷон минбаъд метавонанд ба сомонаи расмии Ширкати “Роҳи Сомон” ворид гашта, маълумоти лозимии худро дарёфт кунанд. Барои ин ба мизоҷон танҳо лозим аст, ки ба нишонии сомонаи ширкат –  www.rsn.tj ворид гардида, бо мо тариқи Online-чат дар тамос шаванд.