30 июл – аз таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 93-сол пур мешавад. Хадамоти мазкур соли 1928 таъсис ёфта, даҳсолаи нӯҳум мебошад, ки ин иншооти давлатӣ кафолати бехатарии мардум аст.
Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфт.
Санаи 6 июни соли 1930 аввалин автомашинаи дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (Ленинобод), Конибодом, Панҷ, Исфара ва Истаравшан (Уротеппа) таъсис ёфтанд.
Кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳама ҳолат ҷони азизи худро зери хатар гузошта, хизмати вазнини ҷисмониро адо менамоянд. Ин ҳама баҳри садоқат ба Ватан-Модар, ба хотири рафиқони ҳалокгардида, барои сулҳ ва ризоият дар сарзамини тоҷикон мебошад.
Имрӯз комилан мусаллам аст, ки бемуттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан боқӣ мондаанд. Аз ин рӯ, таъсисёбии Хадамоти давлатии оташнишонӣ барои тамоми кормандони хадамот санаи муҳим буда, он аз ҳар як корманди ХДО масъулияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд.
Иди касбӣ ба тамоми кормандону собиқадорони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ муборак бошад!
Бо эҳтиром, ширкати “Роҳи Сомон Нафт”